Ба вуқӯъ пайвастани ду ҳодисаи нақлиётии марговар
23-юми декабри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Рио”, Шамсиддинов Насриддин Гурезович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи мазкур ноболиғ Кабирова Марям Ҳасановна, соли таваллудаш 2018, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Кабирова М.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
23-юми декабри соли 2025, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”, Миралиев Ҳамзаалӣ Нуралиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи автомобилгарди “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Давлатов Абдуҷаббор Абдунабиевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Восеъ, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла», Гадоев Бохтурхон Қодирович, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Гадоева Савранби Абдулқодировна, соли таваллудаш 1964, Қодирова Моҳира Хуршедовна, соли таваллудаш 1984, сокинони ноҳияи Данғара ва Шамсиева Саодат, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Фархор ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















