Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон
23-юми декабри соли 2025 дар Муассисаи давлатии "Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо фармондеҳи кулли интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Аҳмадризо Родон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иборат буд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ибрози андеша намуданд.
Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.
Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Гул Маҳбуба



















