Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадри парчам

Ҳаст моро парчами милливу миллат ҷамъу ҷур,
Зери парчам мо ба ҳам гаштем, гашта амну зӯр.

Парчами миллӣ ҳаме номусу нанги миллат аст,
Ҷилвагар болои кишвар медурахшад пур зи нур.

Парчами миллӣ баланд афрохта дар пойтахт,
Шуълаи ваҳдат намоён аст аз наздику дур.

Парчами миллӣ ба кишвар дод истиқлолият,
Зери он ободию озодию савту сурур.

Парчами миллӣ бигашта рамзи ҳар як хонадон,
Лаб зи номи дилкашаш ширин шуда дар коми шӯр.

Парчами миллӣ низоми марш дар артиши мо,
Ҳомиёнро зери он савганди ҳақ хӯрдан зарур.

Парчами миллӣ, садо зераш диҳад Гимни Ватан,
Қалб ояд дар хурушу тоза мегардад шуур.

Парчами миллӣ, ҷило се ранги ӯ бидҳад ҳаме,
Шуълаи афтобро монад ва ё оташ зи қур.

Парчами миллӣ, Ниҳонӣ, як виқору як шиор,
Ин бигӯ такрор дар ғайбу ниҳон ҳам дар ҳузур.

24.11.2022

 

24.11.2022 11:10
14