Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода - арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ

(Бахшида ба 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири халқии Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода)

Бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 110-солагии шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана ва шукуҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯзҳо дар саросари кишвар - дар муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба ҷашни ин фарзанди фарзонаи миллатамон доир мегарданд ва пажӯҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.
Чунин чорабиниҳо бахшида ба ин ҷашн дар мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он низ бо шукуҳу шаҳомат баргузор шуда истодаанд.
Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуб, барандаи ҷоизаҳои байналмилалӣ ва давлатӣ устод Мирзо Турсунзода дар эҷодиёти адабӣ ва фаъолияти сиёсӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватанпарваронаи мардум шеърро ҳамчун неруи бузург истифода намуда, зиндагиномаву ашъори шоир намунаи олии пайванди ӯ бо ҳаёти халқ маҳсуб меёбад. Шоир бо ҳисси баланди ватандорӣ, ободгариҳо, табиати зебои Ватан, ҳаёти мардум ва муборизони роҳи озодиро ба назм дароварда, шеърро ба сиёсати созандаи ватандорӣ табдил додааст. Аз ҷумла, достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Ҳасани аробакаш», «Ҷони ширин» ва маҷмӯи шеърҳои «Садои Осиё» умри абадӣ дошта, шоирро миёни халқ зиндаёд кардаанд. Фарзонафарзанди халқи тоҷик Мирзо Турсунзода ҳам дар сухан, ҳам дар амал машҳури ҷаҳон буд. Ӯ нахустин суханварест, ки дар Осиёи марказӣ сазовори баландтарин мукофотҳо гардидааст. Маҳз ӯ миллати тоҷик ва Тоҷикистонро дар замони Шӯравӣ ба оламиён муаррифӣ мекард ва ифтихор дошт, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба дунё омадаасту ном баровардааст.
Дар ҳамин ҷо ёфтам авҷу камол,
Дар ҳамин ҷо зиндагии безавол.
Бузургии Мирзо Турсунзода дар он буд, ки бо нигоҳи дил одаму оламро мешинохт. Масалан, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Саттор Турсун барин қаламкашонро барвақт шинохта, ба зери боли худ гирифт ва имрӯз адабиёти тоҷик аз ин гуна адибон сарсабзиҳо дорад. Инсони бузург Мирзо Турсунзода аввалин шахсест, ки нобиғаи халқи тоҷик устод Садриддин Айниро шинохта, номи ӯро дар адабиёти бадеӣ, дар достони «Чароғи абадӣ» безавол гардондааст.
Нисбат ба шахсият, фаъолияти меҳнатӣ ва ашъори Мирзо Турсунзода Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хоса дошта, ба ифтихори шоир гуфтаанд: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ намунаи дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».
Ҳар лаҳзаи роҳи ҳаёти бузургон барои пайравону пасомадагонаш муқаддас ва ибратомӯзу роҳнамо ба шумор меравад. Ин ба зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода тавъам алоқаманд аст. Мардуми шеърпарасту суханпарвари тоҷик нисбати ашъори аҷиб ва суханони наҷиби ин шоири тавонои дар олам маъруф ҳар замон бо ҳусни таваҷҷуҳ назар менамуданд, менамоянд ва нисбати каломи сеҳрбори ӯ бо муҳаббати самимӣ муносибат мекарданд, муносибат мекунанд ва хоҳанд кард, зеро ба қавли шогирду пайраваш Лоиқи ҷодусухан сеҳри он калом «аз дида ба дилҳо рафтааст».
Умуман устод Мирзо Турсунзода ба қавли худаш «сафари бисёр кардааст». Ғайр аз ҷумҳуриҳои собиқ ИҶШС, си сол (солҳои 1947-1977) чун мунодии сулҳ ба кишварҳои Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Миср, Канада, Шветсария, Ҷопон, Чин, Корея, Франсия, Куба, ИМА, Фаластин, Исроил, Олмон, Алҷазоир, Конго ва ғайраҳо сафар кардааст. Асарҳои ӯ беш аз 2000 маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, аварӣ, озарӣ, арманӣ, бошқирӣ, болқарӣ, гурҷӣ, украинӣ, финӣ, хитоӣ, туркӣ, олмонӣ, испанӣ ва ғайраҳо чоп шудаанд. Мавзӯи ҳамдилӣ, дӯстиву бародарӣ, сулҳу осоиш имрӯзҳо низ аз муҳимтарин мавзӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, бо шеъри ваҳдатсоз ва унвони шоири сулҳсаро номи Мирзо Турсунзода ҳамеша ҳамзамони халқҳои ҷаҳон ва боиси ифтихори мардуми Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил.
Оре, Мирзо Турсунзода тавонист Тоҷикистонро барои оламиён чун макони сулҳ муаррифӣ намояд ва эътимоди комил дошт, ки ҷумҳурии кӯчаки офтобӣ абадан барои минтақаҳои Осиёву Африқо чун рамзи сулҳ боқӣ мемонад, зеро шоири шаҳир дар фазои фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик яке аз чеҳраҳои беназир маҳсуб шуда, мероси безаволи ӯ дар ҳама давру замон ҳамқадами мо хоҳад буд.
Шоир ва адибу олим муаррифгари миллат аст. Барҳақ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору амали адибону олимон ва аҳли зиёро доимо қадрдонӣ мекунанд. Аз ҷумла, ба фаъолияти сиёсию иҷтимоӣ ва шоирии устод Мирзо Турсунзода баҳо дода нигоштааст: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст». Ҳамин меъёри баланд боис шуд, ки аз ибтидои соли 2021 Пешвои муаззами миллат ҷиҳати гиромӣ доштани хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода барои ба дараҷаи баланд таҷлил кардани санаи мубораку таърихии 110-солагии ин устоди забардасти шеъри ҷаҳонӣ ва ходими бузурги сиёсию иҷтимоӣ, фарзанди фарзонаи Тоҷикистон ва замони худ дастури мушаххас доданд.
Барои абадӣ гардонидани хотираи ӯ Хонаи адибони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ноҳия ва шаҳри Регар ба номи мавсуф гузошта шудаанд. Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд осорхонаи адабии ёдгории Мирзо Турсунзода фаъолият менамояд. Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи шоир гузошта шуд. Соли 1980 -13 нафар кӯхнавардон бо сардории Виктор Галактионов дар ҷанубу ғарбии кӯҳҳои Помир қуллае, ки аз сатҳи баҳр 6038 метр баланд аст, поясанги хоро гузошта дар рӯи он акси шоир ва ному насаби ӯро сабт намуданд.
Рӯзи 8-уми майи соли 1988 дар зодгоҳи шоир деҳаи Қаратоғ бахшида ба Рӯзҳои назми Мирзо Турсунзода осорхонаи санъати амалию халқии ба номи М. Турсунзода кушода шуд. Ҳуҷраи кории шоир аз Иттифоқи нависандагон ба ин даргоҳ кӯчонида шуд, ки бештар аз 200 расму аснод, китобу дасхатҳои шоирро дарбар мегирад. Ҳар сол дар рӯзҳои «Ҳафтаи ёдбуд» ҷамъомадҳои умумии дӯстдорони ашъори шоир баргузор мегардад. Соли 1981 нимпайкараи шоир ва соли 2001 муҷассамаи ӯ дар шаҳри Турсунзода гузошта шудаанд. Ба муносибати 90-солагии М. Турсунзода соли 2001 муҷассамааш дар даромадгоҳи роҳи зодгоҳаш-Қаратоғ дар ноҳияи Шаҳринав қомат афрохт.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми майи соли 2001 таҳти №553 ба Мирзо Турсунзода унвони олии Ватан - Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон хиёбону кӯчаҳо, муассисаҳои таълимӣ ба номи Мирзо Турсунзода номгузорӣ гаштанд.
Дар воқеъ ҳар миллате, ки чун Мирзо Турсунзода фарзанд дорад, миллати саодатманд аст.

Кароматулло Абдуллоев, СХДО ВКД ҶТ

 

15.06.2021 10:48
74