Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё бидуни мақсади тасарруф
Ба ШВКД дар ноҳияи Файзобод бо ариза марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 21:05-дақиқа, ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин ноҳия, автомашинаи шахсиаш тамғаи “ОПЕЛ-АСТРА”-ро ғайриқонунӣ ҳай карда ба самти номаълум бурда, муҳаррики автомашинаи мазкурро корношоям кардааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
















