Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассурот аз намоишномаи театрӣ

 

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари пешбурди самти фаъолият, ҳамзамон баҳри ғанӣ гардонидани донишу ҷаҳонбиниашон, бештар огоҳӣ пайдо намудан аз фарҳангу маданият ва урфу одати дигар халқиятҳо пайваста ба мутолиаи китоб пардохта, аз намоишномаҳои театрӣ дидан менамоянд.
Бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти ВКД, бахусус Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати шахсии ВКД ва ҷузъу томҳои он ҳамеша дар ҳама гуна чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, варзишиву бадеӣ иштирок намуда, донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ мегардонанд.
Дар ин асно, ҳафтаи сипаригардида роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои поёнии он, аз намоишномаи театрии мазҳакавии «Пизишки паррон», ки аз рӯйи асари драманависи фаронсавӣ Жан Батист Молйер гирифта шуда, дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбон Собир ва саррежисёри театр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машрабов дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ» намоиш дода шуд, дидан намуданд.

Ҳунармандони театри мазкур нақшҳоро дар сатҳи баланд иҷро намуда, ба бинанда маданияту фарҳанги дигар халқиятро тасвир намуданд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз иштирок дар ин намоишнома ва бардошти худ аз он ба роҳбарияти ВКД ва ҳунарпешагон арзи сипос намуда, изҳор доштанд, ки мо тоҷикон халқи бофарҳангу бомаданият ҳастем ва хуб мешуд, ки бо мутолиаи китобу иштирок дар чунин намоишномаҳо аз фарҳангу маданияти дигар халқҳо низ огоҳӣ пайдо намоем.

03.06.2021 16:22
14