Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 36-сола барои қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда аз 13-уми март то 28-уми апрели соли 2024, ҳангоми дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо роҳи фиреб ба боварии марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 10 тоннаву 995 килограмм меваҳои хушк ва 4 ҳазору 94-адад қуттиҳои меваҳои хушк, ба маблағи 114 ҳазору 70 долари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки баъди 2-моҳ маблағҳояшро бо пуррагӣ пардохт менамояд, аммо то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

18.12.2025 8:34
41