Ошкор гардидани куштори марди 36-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 30 ва 27-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Шаҳристон, бо маслиҳати пешакӣ, 15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани марди 36-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон ӯро ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», ки ба марди 30-сола тааллуқ дорад, савор карда, ба самти маҳаллаи 27-уми шаҳри Хуҷанд роҳсипор гардида, дар дохили автомашинаи мазкур ба нуқтаи бе одам расида, сараввал марди 27-сола ҷабрдидаро дошта, марди 30-сола бо як адад корди қаблан бо худ гирифтааш ба узвҳои бадани ҷабрдида 13-маротиба ба қафаси сина ва 25-маротиба ба дигар узвҳои бадан пай дар пай зарба зада, ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Баъди ба ҳалокат расидани марҳум бо мақсади пинҳон намудан ва аз ҷавобгарӣ пинҳон гаштан гумонбаршавандагон ҷасади марҳумро ба воситаи автомашина ба ҳудуди боғи истироҳатӣ - фароғатии «Наврузгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд дастрас намуда, ба дохили дарёи Сир партофтаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
















