Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз аввалҳои моҳи декабри соли 2025, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши маводҳои тарфгари (пиротехникӣ) машғул шуда, 15-уми декабри соли 2025, тахминан соати 20:00, дар кӯчаи М.Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш баровардани маводҳои тарфгарӣ аз ӯ 153 қуттӣ маводи тарфгарӣ дар намуди хлапушка ва 11-адад маводи тарфгарӣ, намуди салют гирифта шуд.
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ маҳсулоти тарфгарии тарконакҳои навъи “Хлопушка” буда,  68 ҳазору 850-ададро  ташкил медиҳад. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

17.12.2025 8:12
92