Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани қаллобии марди 28-сола

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 28-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, моҳи августи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри Истаравшан даромада, 1-адад автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс МЛ» арзишаш 250 ҳазор сомониро тариқи насия гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.12.2025 8:10
28