Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 28-сола барои куштори собиқ ҳамсараш

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми декабри соли 2025, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани собиқ ҳамсараш зани 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ба хонаи истиқоматии собиқ хусураш марди 57-солаи сокини ҳамон ҷо омада, аз рӯи хусумати оилавӣ ва рашк бо собиқ ҳамсараш баҳсу мунозира карда, бо бераҳмии махсус дар назди фарзандони ноболиғаш бо корд 11 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими собиқ ҳамсараш зарба задааст, ки дар натиҷа охирин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Баъди содир намудани ҷиноят гумонбаршаванда аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

17.12.2025 8:00
29