Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонии Вазири корҳои дохилӣ бо Вазири корҳои дохилии Россия

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи даҳшатноке, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактаби Успенский, ноҳияи Одинсоваи шаҳри Москва нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷони А. 10-сола рух дод, бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев В.А. суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар рафти суҳбати телефонӣ қайд гардид, ки содир гардидани чунин ҷиноятҳои мудҳиш метавонад боиси вазъи ногувори ҷомеа гардида, боз барои дигар гурӯҳҳои радикалии миллатгаро талқин ва таҳрики содир намудани чунин ҷиноятҳо гардад. Бинобар ин Раҳимзода Р. аз Колоколтсев В.А. талаб намуд, ки сабабу омилҳои ин ҳодиса ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.
Ҷониби Россия иброз намуд, ки барои ҳаматарафа ва воқеъбинона гузаронидани тафтишот тамоми чораҳои қатъӣ андешида шуда, баррасӣ намудани ҳодисаи мазкур ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат менамояд.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишоти пешакӣ идома дорад.

17.12.2025 12:52
317