Ошкор шудани муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки бо мақсади харид ва фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ аз ҷавони 19-солаи сокини пойтахт 43 ҳазору 200-адад маводҳои хурди тарфгарӣ бо навиштаҷоти “Трения с новим годом” истеҳсоли Ҷумҳурии Чинро харидорӣ намудааст, дастгир карда шуданд.
Мувофиқи хулосаи эксперти судӣ 43 ҳазору 200-адад маводҳои хурди шаклашон силиндрии рангашон сурхчатоб буда, ба гурӯҳи маводҳои тарфгарӣ мансуб буда, барои истифода бурдан дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
















