Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати мусофир дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

12-уми декабри соли 2025, тахминан соати 10:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота Раф 4», Мансур Шуҳрат Ҳайдарзода, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» дар ҳудуди деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Зоирзода Умед Илҳом, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Зафаробод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Муъминова Музафара Бекмуродовна, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

13.12.2025 8:26
44