Ошкор шудани сӯиқасди одамкушӣ
12-уми декабри соли 2025, тахминан соати 14:00, марди 37-солаи сокини шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқиша, бо собиқ ҳамсараш зани 47-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синааш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.














