Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати марди 49-сола
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини ноҳияи М.Ҳамадонӣ, ки пеш бо қисми 2 моддаи 195 ва қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми декабри соли 2025, бинобар сабаби нофаҳмӣ дар зиндагӣ бо ҳамсараш зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиаш баҳсу даъво намуда, сипас ӯро бо дасту пойҳо ва калтакчӯб мавриди лату кӯб қарор дода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.
6-уми декабри соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, вазъи саломатии ҷабрдида бад шуда, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















