Мулоқоти судманд бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Бритониёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
8-уми декабри соли 2025 мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири фавқулодда ва Мухтори Бритониёи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кетрин Смиттон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, таъмини амнияти минтақавӣ, мубодилаи иттилоот ва дар доираи барномаҳои омӯзишӣ фаро гирифтани кормандон ба таҷрибаомӯзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд изҳори боварӣ намуданд.
Гул Маҳбуба















