Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи волейболи ВКД соҳиби "Ҷоми Пешвои миллат" гардид

6-уми декабри соли равон дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенси"-и шаҳри Душанбе маросими қадршиносии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои ҷумҳуриявии варзишӣ оид ба "Шоҳмот", " Шашка", "Тенниси рӯи миз" ва "Волейбол" миёни бонувон ва мардон барои дарёфти "Ҷоми Пешвои миллат" байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар мусобиқа оид ба "Тенниси рӯи миз" дастаи "Динамо" миёни мардон аз намуди даставӣ ҷойи якум, миёни бонувон даставӣ ҷойи дуюмро ишғол намуданд. 
Дар натиҷа 3 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро соҳиб гардиданд. 
Аз намуди "Волейбол" дастаҳои мардон ва бонувони "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ бар ҳамаи ҳарифони худ дастболо гардида, ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардиданд.

08.12.2025 14:30
54