Муайян шудани ду ҳолати дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи зани 37-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 22-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 16:30-дақиқа, як ҷавондухтари шахсияташ номаълум аз назди бинои истиқоматиаш духтари хурдсоли ноболиғи 9-солааш сокини ҳамон ҷоро ба дохили бинои истиқоматӣ бурда, аз гӯшҳояш гӯшвори тилоиашро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавонзани 18-солаи сокини пойтахт содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Варзоб аризаи марди 40-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки моҳи ноябри соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 3-адад телефонҳои мобилии гуногунтамғаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















