Ҳалокати мусофир дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ
30-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 22:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тошев Эшмурод Шомуродович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат намудан дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Сешанбеи шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти канори рости роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа худи ронанда Тошев Э.Ш. ва мусофираш Ҳусейнов Абдуғафор Муҳамадиевич, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Шаҳринав ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас гардиданд, ки дар натиҷа мусофираш Ҳусейнов А.М. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

















