Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти азонихудкунӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки ҷавони 23-солаи сокини пойтахт дар асоси фармони директори ҶДММ “Файзизода”, аз 25-уми феврали соли 2024, ҳангоми ба ҳайси намояндаи фурӯши ҷамъият кор карданаш дар ҳудуди бозорҳои шаҳри Душанбе маблағи молу маҳсулоти аз ҶДММ “Файзизода” қабул намудааш ба маблағи 95 ҳазор сомониро гирифта, ба хазинаи ҶДММ мазкур насупорида азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

02.12.2025 8:39
24