Мулоқоти судманди Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия
1-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Москва вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷустуҷӯ, дастгир ва истирдоди ҷинояткорон, инчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар намудани шароит ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.
Гул Маҳбуба

















