Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар 

29-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 17:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «BYD», Тиллоев Далер Давронхуҷаевич, соли таваллудаш 2007, сокини шаҳри Хуҷанд,  ҳангоми харакат дар роҳи мошингарди маҳаллаи 12-уми шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард Усмонова Ойзода, соли таваллудаш 1962, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагард Усмонова О. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
30-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 02:00, дар 32 километри рохи автомобилгарди «Хуҷанд-Истиқлол», воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Б.Ғафуров Азизмамадов Манучеҳр Мансурович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Рушон, ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи хизматиаш тамғаи «Тайота», аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Истиқлол аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Азизмамадов М.М. ва мусофири автомашинаи мазкур Аҳроров Манучеҳр Ҷамшедович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
30-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 00:30-дақиқа, ронандаи дучархаи тамғаи «Скутер», Абдураупов Асадбек Абдунабихонович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи дучархаи скутер набаромада, ба дохили дарё  афтидааст.
Дар натиҷа, ронандаи скутер Абдураупов А.А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

01.12.2025 8:23
41