Ошкор гардидани ҷинояти азонихудкунӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ мактуби ҶДММ “Файза” ворид гардидааст, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, тибқи шартномаи меҳнатӣ аз 1-уми июни соли 2025 то инҷониб дар ҶДММ “Файза” ба ҳайси молрасон фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш 64 ҳазору 710 сомониро азонихуд намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















