Димнаи (Қасри ҳокимони) Ҳулбук
Димнаи (Қасри ҳокимони) Ҳулбук - дар масофаи 7 км дуртар аз самти шимолу ғарбии маркази ноҳияи Восеъ (деҳаи Қурбоншаҳид) ҷойгир аст. Қасри ҳокимони Ҳулбук ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст, дохил мешавад.
Қасри ҳокимони Ҳулбук таърихан ба аcрҳои IX – XI мансуб аст.
Димна тарҳи секунҷамонандро дошта, қаблан масоҳати он 70 га ташкил мекард. Ҳулбук танҳо дар масоҳати 16 гектар боқӣ мондааст. Димна, ки дар гузашта бо девор иҳота шуда буд, аз самти шимолу ғарб даромадгоҳи сарнишебе дошт. Арки он дуқабата буда пурра маҳфуз мондааст.
Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ»-и шоҳони ин мулкро Ҳулбук донистаанд.
Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук ҳамчунин дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Ҳулбисса мавҷуд мебошад. А.М.Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои мусулмонии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст.
Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда таълифоти мазкур чунин зикр кардаанд:
«Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара дар водиҳо ҷойгиранд».
Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла, М.А.Варигин, А.П.Колпаков ва А.Е.Маҷӣ – онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд.
Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонида, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти муфид медиҳанд.