Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Панҷакент

Панҷакент шаҳре дар шимолу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст. Панҷакент дар қисми марказии ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷой дошта, релефаш кӯҳӣ аст. Иқлими Панҷакент субтропикӣ-континенталӣ (гармии ҳаво дар давраи тобистон аз +24оС то +36оС ва дар давраи зимистон то — 22°С) мебошад. Ҳудуди ноҳияро бо самти арзӣ се қаторкӯҳ бурида мегузаранд: дар шимол - Туркистон (баландиаш 2000-3000м.), дар марказ Зарафшон (3000-4000м.), қуллаи Чимтарға дар кӯҳҳои Фон (баландиаш то 5949м.), дар ҷануб Ҳисор (то 4636м.). Байни қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшон пастхамии Моғиёну Фароб (баландиаш 1500-2000м аз сатҳи баҳр) ва байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Туркистони водии Зарафшон (баландиаш 900-950м. аз сатҳи баҳр) воқеъ гаштааст.
Табиат ва иқлими шаҳри Панҷакент барои рушди соҳаҳои асосии кишоварзӣ, аз ҷумла боғдорӣ, рустанипарварӣ ва чорводорӣ хеле мусоид буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар деҳот заминаи асосӣ мегузорад.
Кӯҳистони Зарафшон хазинаи бебаҳои сарватҳои табиӣ аст. Кормандони Экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён аз минтақа қариб ҳамаи элементҳо ҷадвали Менделеевро пайдо кардаанд. Дар ҳудуди Панҷакент конҳои тилло, нуқра, симоб, сурма, қалъагӣ, волфрам, флюорит, фосфорит, ангиштсанг ва санги мармар мавҷуд аст. Дар маҷмӯъ, 328 адад кони маъдан кашф гардидаанд, ки барои рушди шаҳр аҳамияти калони иқтисодӣ доранд.
Аз канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти энергетикӣ доранд, дар ҳудуди Панҷакент конҳои ангиштсанги Киштӯд-Заврон, Шашқат, Товасанг ва Моғиён кашф гардидаанд. Танҳо захираи кони ангишти Товасанг 250 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Номзад ба рӯйхати Осорҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон.
https://tg.wikipedia.org/ 

27.11.2020 15:04
60