Ҳалокати ронанда дар садамаи нақлиётӣ
26-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-фортунер”, Назаров Асҳобудин Диловарович, соли таваллудаш 2008, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сурхо ба самти дараи Девлохи ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, аз қисмати рости роҳи автомобилгард ба чуқурии тахминан 70-80 мерт афтидааст.
Дар натиҷа ронанда Назаров А.Д. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофири автомашинаи мазкур Назароз Исҳобуддин Диловарович, соли таваллудаш 1999, сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.














