Рушди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷузъи таркибӣ ва созандаи таъриху фарҳанги волои башарӣ мебошад. Ёдгориҳои мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ин миллати қадим пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмуъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайванданд.
Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ корҳои бениҳоят зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.
Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар самти эҳёи таърихию фарҳанги миллати тоҷик чунин қайд карданд: «Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон - шаҳри қадимаи Саразмро доир намоем. Ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки мо маданияти беш аз 5500 - солаи аз ҷониби доираҳои илмии ҷаҳон эътирофшудаи худро ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ созем.
Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем».
Осори мероси таърихию фарҳангии миллати тоҷик маҳсули ташаккули ин миллати қадим ба шумор меравад. Онҳо дар худ маҳсули тафаккур ва эҷоди ин миллати тамаддунофарро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгонамон аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шаклҳи бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадорис ва дигар шакли хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамоянд.
Намунаи боқимондаҳои иншооти мероси бостонӣ ва фарҳангӣ дар мисоли маданияти шаҳрсозии Саразми бостонӣ, Ҳисор, Хуҷанд, шаҳраки эллинистии Тахти Сангин, Ҳулбук, Панҷакент, Бунҷикат, Ҳалевард, дайри несториании Айваҷ, қалъаи Ямчун, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва ғайраҳо тавассути санъати волои меъморӣ, нигоришоти музайян, ороиши бадеии намои онҳо бо санг, гил ва хишт дар шакли кунгура, равоқ, тоқ, панҷара ва дохилии онҳо бо гачкорию девормусаввирӣ ва кандакорӣ мероси гаронбаҳои ниёгон ба наслҳои имрӯза ба шумор меравад.
Имрӯз тамоми ҷомеа дарк намудааст, ки воқеан ибтикори дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати се соли минбаъда эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар тафаккури мардум ва рӯзгорамон инқилоби воқеӣ ба амал овард ва дар ин самти кор фаъолияти хеле густурда ва назаррас анҷом ёфта истодааст. Вазорат ин иқдомҳои наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззамро ҷиҳати эҳё намудан ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани ёдгориҳои мероси ғайримоддии миллати тоҷик ва истифодаи васеи туризми фарҳангӣ бемайлон амалӣ намуда, дар ин самт дар ҳамкории зич бо дигар мақомоту ташкилотҳои дахлдор ба роҳ гузошта дар тамоми чорабиниҳои вобаста ба рушди сайёҳӣ фаъолона иштирок меварзад.
Ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи муҳими давлатӣ ва қарзи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазорати фарҳанг ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар кишвар мебошад. Дар сохтори вазорат шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун ҷузъи махсуси танзими ҳифзу нигоҳдошт, истифода, тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангиро назорат менамояд.
Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои калидии Шоҳроҳи бузурги абрешим дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва ёдгориҳои мероси моддӣ ва ғайримоддии нотакрори халқии тоҷик дар ин ҷода мавқеи устувор дорад.
Яке аз воситаҳои дигари ҳифозати осори гузаштаи ниёгон ин таъсиси мамнуъгоҳҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо назардошти ҳифзу нигоҳдошт ва тарғиби таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик ва худшиносии миллӣ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги ниёгони хеш, тармиму эҳё намудани осори фарҳанги гузашта ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон имрӯз дар Тоҷикистон 5 мамнуъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ва бостоншиносӣ таъсис дода шудааст.
Ҷиҳати фаъолнокии сайёҳӣ мамнуъгоҳҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва табиӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд. Маҳз ҳамин обйектҳо ва ҳудудҳои ба онҳо наздик дар бисёр маврид ҷойҳои тамошобоби таърихию фарҳангӣ ва табиӣ, ки нигоҳдошти урфу одат ва анъанаҳои миллӣ нигоҳдорӣ шуда воридсозии мувафақиятноки технологияи сайёҳиро мусоидат менамоянд. Нигоҳдорӣ ва муҳофизати обйектҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ бо мақсади рушди туризми ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатии нигоҳдори мероси таърихию фарҳангӣ ва табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, шумораи муассисаҳои мансуб ба ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ дар давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёфта, таваҷҷуҳ ба мероси моддии ниёгон ва худшиносии миллӣ тадриҷан афзун гардидааст.
Ҳамчунин, дар соли 1954 шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии давлатҳои Конвенсияи Гаага ва моҳи ноябри соли 1993 яке аз аввалинҳо шуда дар ҳудуди Осиёи Миёна аъзогии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар минтақа, балки ҷаҳон хеле баланд намудааст.
Аллакай ба ҷаҳониён исбот гаштааст, ки шаҳрҳои бостонии Саразм, Ҳисор, Кӯлоб, Хуҷанд, ёдгорихои меъмории Мадрасаи Хоҷа Машҳад, Мақбараи Муҳаммад Башоро, Мақбараи Хоҷа Нақшрон, Мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, бозёфти қадимтарин навиштаҷотҳои ирфонӣ бо забони ноби тоҷикӣ ва катибаҳои “Қуръони Карим” бо хати куфии шукуфо, инчунин девормусаввараҳо, гаҷкориҳо бо тасвирҳои набототӣ, ҳандасӣ ва зооморфӣ аз шаҳри асримиёнагии Ҳулбук, девормусаввараҳои Панҷакенти қадим ва шаҳри Бунҷикат, муҷассамаи Буддо аз ёдгории бостонии Аҷинатеппа, Қалъаи Ямчун, Маъбади Зонг, ёдгории меъмории Карон, бозёфти “Хазинаи Амударё” аз ҳудуди шаҳраки эллинистии Тахти Сангин ва ғ., ки қатрае аз баҳри сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик мебошанд ва ҳамчун нобиғаҳои нодири мероси фарҳанги ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.
Зимнан бояд қайд намуд, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳифзу нигоҳдошти мероси модди 17 санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ қабул намудааст.
Дар радифи таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин, ба масъалаи тармиму нигаҳдошти онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 90 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ тармиму барқарорсозӣ ва эҳё гардидаанд. Корҳои тармим ва барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии барнома ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт, тармиму барқарорнамоӣ, истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани сарватҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ба шумор меравад.
Зимнан, бояд қайд намуд, ки эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун обйектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг ба ҳисоб меравад.