Ошкор шудани кирдорҳои қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе, 10-уми июни соли 2024, дар кӯчаи Карамови ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо роҳбарии ширкати сохтмонии ҶДММ “Сохтмон палас” шартнома оид ба ҳамкорӣ барои сохтмони бинои баландошёна баста, ҳиссаҳои худро дар шакли амвол гирифта, баъди пайдо кардани ҳуқуқ ба моликият ба истифода ва ҳуқуқҳои ба даст овардааш дидаю дониста, ки манзилҳои истиқоматии дар бинои мазкур аз ҷониби директори ширкати сохтмонии ҶДММ “Сохтмон палас” дар асоси шартномаҳо ба дигар шаҳрванндон фурӯхта шудааст, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба боварии шаҳрвандаон даромада, маротибаи дуюм шартнома аз номи худаш ҳамчун намояндаи ширкати ҶДММ “Сохтмон Палас” омода намудааст.
Гумонбаршаванда, моҳи ноябри соли 2024, ба боварии зани 28-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз ӯ 160 ҳазор сомонӣ гирифта, бар ивазаш аз бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом аз ошёнаи 14-ум ба масоҳаи 46,41 метри квадратӣ дар асоси шартномаи бе рақам ва таърихи рӯз фурӯхта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин гумонбаршаванда такроран моҳи январи соли 2025, ба боварии марди 38-солаи сокини ноҳияи Муъминобод даромада, аз ӯ 187 ҳазор сомонӣ гирифта, бар ивазаш аз бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом аз ошёнаи 10-ум ба масоҳати 53,67 метри квадратӣ дар асоси шартномаи бе рақам ва бе таърихи рӯз фурӯхта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2025, ба боварии марди 27-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ даромада, аз ӯ 342 ҳазору 850 сомонӣ гирифта, бар ивазаш аз бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом аз ошёнаи 8-ум ба масоҳати 85,03 метри квадратӣ дар асоси шартномаи берақам ва бе таърихи рӯз фурӯхта, маблағи мазкурро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

















