Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар - машварати омӯзишӣ дар Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон

28 ноябри соли 2025  дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон барои кормандони хадамоти кадрии дастгоҳи марказии Раёсат, ҷузъу томҳо ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мазкур бо ташаббуси Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи « Омӯзиши санадҳои ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти забоншиносӣ ва мутолиаи китобҳои бадеӣ аз ҷониби ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ» бо иштироки муовини  сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Каримзода Эраҷ Ҳотам, муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Шарифзода Олимҷон Ҳабибулло ва полковники мустаъфӣ Шарифзода Фирдавс Ҷума  баргузор гардид.
Семинарро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Шарифзода Олимҷон Ҳабибулло оғоз бахшида, таъкид дошт, ки  чорабинии таълимӣ-омӯзишии мазкур характери роҳнамоӣ дошта дар асоси дастуру супоришҳои Вазири  корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳ монда шудааст.
Муовини  сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Каримзода Эраҷ Ҳотам зимни маърӯза фаъолияти бонизому босифат дар фаъолияти кадрӣ, интихоби номзад ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбия ва дарёфти кормандони болаёқат барои пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, қадршиносии кормандон барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди хизматӣ, таваҷҷуҳ кардан ба сатҳи саводнокӣ, омӯзиш ва донистани на кам аз ду забони хориҷӣ, мутолиаи китобҳои соҳавию  бадеӣ, санҷиши ҳаматарафаи номзадҳои ба кор дар мақомоти корҳои дохилӣ ба масъулин дастурҳои муҳими хизматӣ дод.
Қайд  гардид, ки  бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоиш, супориш ва талаботҳои роҳбарияти ВКД оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини шароити мусоид ба раванди таълим, ба кормандони милитсия ва ташаккули шахсиятҳои донандагони забонҳо, аз ҷониби шуъбаи кардрҳо  хубтару беҳтар ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон аз ҳозирин даъват кард, ки тибқи супориши роҳбарияти вазорат омӯзиши пурра ва ҳаматарафаи санадҳои дар боло зикргардидаро дар байни ҳайати шахсӣ ба роҳ монда, талаботи онро риоя ва иҷро намоянд. Дар ҷараёни ҳар як маърӯза иштирокчиён имкон доштанд оид ба мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шаванда дар баробари маърӯзачиён андешаронӣ намуда аз ҷониби мутахассисони сохтори кадрии РК ва КҲШ ВКД маълумоти саҳеҳи хизматӣ гиранд.
Дар ҷараёни семинари омӯзишӣ таъкид гардид, ки бо фармоишҳои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои забономӯзӣ ва китобхонӣ дар байни ҳайати шахсии МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳо эълон гардид. Ғолибон ва беҳтаринҳо аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.
Полковники мустаъфӣ Шарифзода Ф.Ҷ. ба сухан баромада оид ба меъёрҳои  як қатор фармоиш, супориш ва талаботҳои ВКД ба ҳозирин 
маълумоти  муфассал дод. 
Дар  хотима аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари дар байни ҳайати шахсӣ ба роҳ мондани омӯзиши пурра ва ҳаматарафаи  9 адад фармоиш, супориш ва талаботҳое, ки аз ҷониби роҳбарияти ВКД ба имзо расидаанд ва муҳтавои мавзӯъҳои дар семинар-машварати
омӯзишӣ баррасигардида ба маълумоти ҳайати шахсӣ расонида шавад,то ин, ки кормандон аз навгониҳо бохабар ва талаботи роҳбарияти 
ВКД-ро риоя намоянд.

28.11.2025 15:03
68