Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе, корманди ҶДММ «Ганҷи ноёб»-и шаҳри Кӯлоб дар давраи фаъолияти кориаш маблағи пулӣ 88 ҳазору 668 сомониро аз ҳисоби буҷет, ки барои дастрас намудани маводҳои хӯрока ба кӯдакистонҳои №10,15,17 ва 14 ноҳияи Спитамен ба суратҳисоби ҶДММ-и мазкур гузаронида шудааст, маблағҳои мазкурро азонихуд намуда, ба кӯдакистонҳои мазкур маводи хӯрока дастрас накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.11.2025 8:11
48