Ифшо шудани ҳолатҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Шуғнон аризаи марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 24-уми ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 25 ҳазор сомониашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 14-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 23-юми ноябри соли 2025, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба манзили истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг галакси А6” ва 5 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Тоҷикобод, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















