Ошкор гардидани ҷинояти азонихудкунӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Спитамен бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, дар асоси қарори раиси ноҳияи Спитамен аз соли 2021 дар вазифаи директори муассисаи давлатии «Мактаби варзишӣ»-и ноҳияи Спитамен кору фаъолият намуда, ҳангоми фаъолияти худ, бо истифода аз ваколати мансабӣ ҷинояти исрофкориро содир намуда, ба давлат зарар ба миқдори 66 ҳазору 166 сомониву 32 дирам расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















