Муайян гардидани кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми январи соли 2025, Бобоназаров Бахтиёр Исмонқулович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 65 ҳазору 700 сомониро тариқи ҳамёни электронии «Душанбе-Сити» гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағҳои гирифтааш маблағи нақд медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «а» қисми 3 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














