Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани якчанд нафар бо ҷурми дуздӣ

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 8-уми ноябри соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дукони нонпазӣ, воқеъ дар маҳаллаи С.Сафарови шаҳри Кӯлоб шуда, аз онҷо 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Муъминобод ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории “Шимолӣ”, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, ки ба соҳибкор марди 58-солаи сокини шаҳри Душанбе тааллуқ дорад, даромада аз онҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 67, ҷавонзани 19 ва духтарбачаи ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд. 
Гумонбаршавандагон 29-уми октябри соли 2025, тахминан соатҳои 19:30-дақиқа, ҳангоми дар хонаи истиқоматии пиразани 70-солаи сокини пойтахт, дар вақти ҷаноза қарор доштанаш аз духтарони маҳрум, занони 45, 38 ва 37-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо роҳи пинҳонӣ аз таги рахти хоб ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматиашон, якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 35 ҳазору 400 сомонӣ ва 2 ҳазору 300 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

26.11.2025 8:08
21