Нақби автомобилгарди «Чормағзак»
Нақби автомобилгарди "Чормағзак" дар роҳи автомобилгарди Душанбе - Ваҳдат - Данғара ҷойгир аст (вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон). Нақби Чормағзак, қариб 4,5 км дарозӣ дорад.
Ин нақб бо роҳҳои аз шимолу ҷануб ба он пайвастшаванда бо харҷи беш аз 300 миллион сомонӣ бо сифати баланди сатҳи байналмилалӣ бунёд ёфтааст. Дар якҷоягӣ бо роҳи мошингарди Душанбе - Ваҳдат - Данғара бошад, ки қитъае аз шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ - Кулма - сарҳади Чин мебошад, дар маҷмӯъ 630 миллион сомонӣ масраф шудааст. Акнун масофаи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Данғара - Кӯлоб нисбат ба шоҳроҳи Душанбе-Бохтар-Кӯлоб 100 км кӯтоҳ шуд. Сохтмони нақбро – ширкати ChainaRoad (Чин) ба ӯҳда гирифтааст. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон нақби «Чормағзак», ки моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардида буд, ба «Хатлон» тағйири ном кард. Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15 марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Бохтар-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.