Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ гирифтани кредит ва сохтакории ҳуҷҷатҳо

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани кредит ва сохтакории ҳуҷҷатҳо дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи июли соли 2024 бо мақсади гирифтани маблағи пулӣ аз Филиали корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу сохтмонии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" дар шаҳри Бохтар аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҶДММ "Коттон-Сорбон" ба ному насаби ҳамсараш ҷавонзани 24-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ маълумотнома, ки гӯё ҷавонзани 24-сола дар ҷамъияти мазкур ба ҳайси ҳуқуқшинос кор карда, музди маошаш дар як моҳ 4 ҳазору 500 сомонӣ мебошад, омода намудааст.
Гумонбаршаванда минбаъд маълумотномаи баръало қалбакӣ омода намудаашро ба Филиали корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу сохтмонии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" дар шаҳри Бохтар пешниҳод намуда, ҷавонзани 24-соларо дар бонки мазкур зомин гузаронида, бо мақсади васеъ намудани хизматрасонӣ маблағи 100 ҳазор сомониро гирифта, ғайримақсаднок ин маблағро истифода намуда, ба манфиати давлат зарари моддӣ расонидааст. 
Гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ аз рӯи маслиҳати пешакӣ аз ҶДММ "Сорбон-1605" маълумотнома ба ному насаби марди 31-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, ки гӯё ӯ дар ҷамъияти мазкур ба ҳайси нозири кадрҳо кор мекунад, омода намуда, аз рӯи ин ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода намудаашон аз Филиали корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу сохтмонии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Бохтар ҷамъ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ба номи марди 31-сола гирифта, ғайримақсаднок  истифода намуда, ба манфиати давлат ва бонк зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда ва дигарон бо қисми 1 моддаи 264 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

25.11.2025 8:14
39