Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар
21-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 18:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Камри”, Шокиров Меҳрдод Шамсудинович, соли таваллудаш 2006, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳринав бо шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” ба самти шаҳри Турсунзода дар роҳи мошингарди ҳудуди ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуҳалимов Шамсиддин Каримович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри мазкурро, ки аз канори рости роҳ ба самти чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст.
Дар натиҷа, Абдуҳалимов Ш.К. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
22-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, Зайдов Маҳмадхуҷа Нуриддинович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Рашт-Лахш” дар ҳудуди ноҳияи Файзобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти роҳи автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Ятимов Дустмуҳаммад Солеҳҷонович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Тоҷикобод, ки аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, Зайдов Ҷиҳодулло Нуриддинович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Рашт, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронандаи автомашинаи мазкур Зайдов М.Н., ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
22-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 19:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико», Ҳамзаев Ҷамолиддин Ҳайталиевич, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Турсунзода ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе - Турсунзода” дар 12-ум километри шоҳроҳи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба нақлиёти боркаши тамғаи “Газел”, таҳти идораи Тураев Отабек Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри мазкур, ки дар канори рости роҳ қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Дэу-Тико”, Ҳамзаев Ҷ.Ҳ., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофиронаш Гулов Достон Исоқович, соли таваллудаш 2002 ва Юсупов Сабридин Абдухалилович, соли таваллудаш 1999, сокинони ҳамин шаҳр ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
23-юми ноябри соли 2025, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Шарипов Беҳруз Рустамович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Борбад ба самти кӯчаи Р.Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, пиёдагарди ноболиғ Акбаршоҳи Абдуманон, соли таваллудаш 2016, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Акбаршоҳи А. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


















