Боғи табии Сари Хосор
Боғи табии Сари Хосор бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2005 дар ҳудуди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Масоҳати боғи табии Сари Хосор 3805 га аст.
Номи Сари Хосор таърихи кӯҳан дошта, маъниҳои зиёде дорад. Ба ақидаи сокинони маҳаллӣ номи Сари Хосор аз номи деҳае, ки он дар сари теппаи сафедхок ҷойгир шудааст, яъне «Сари Хоксор» гирифта шудааст. Боғи табии Сари Хосор дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин мавзеъ дорои ҷангалзори табиӣ ва флораву фаунаи гуногуни кӯҳистонӣ мебошад. Дар ҷангал намудҳои гуногуни дарахтон махсусан чормағзи юнонӣ (Juglans regia) ва дигар дарахту буттаӽои нодир меруянд. Дар мавсими тирамоҳ аз меваҳои он ҳайвонҳои гуногунро ба монанди хирс (Ursus actos isabellinus), хуки ёбоӣ (Sus scropha nigrepus), уриал (Ovis vignei bocharensis), муши обӣ (Lutra lutra), силавсини туркистонӣ (Felis lyns), паланги барфӣ (Uncia uncia) истеъмол мекунанд.
Релефи Сари Хосор басо мураккаб буда, бо гуногуншаклии худ аз дигар манотиқи ҷумҳурӣ фарқ мекунад. Сохти ландшафташро пасткӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва кӯҳҳои баланд ташкил медиҳад. Қисмати зиёди релефи ин мавзеъро миёнакӯҳҳо ташкил намуда, онҳо дар баландии 1200-3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Баландии фосилавии сарҳади ин мавзеъ бошад 1200-3500м., аз сатҳи баҳрро дар бар мегирад. Ин ҳудуд худ муайянкунандаи гуногуншаклии системаи экологии ин мавзеъ мебошад. Гидрографияи Сари Хосорро дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Шӯробдарё ва Шаршараи Пушти Боғ ташкил мекунад.