Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҷойи кораш намояндаи тиҷоратии ҶДММ «Таджеро Суғд» дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрел то моҳи сентябри соли 2025 дар давраи фаъолияти кориаш маҳсулоти ҷамъияти мазкурро аз қабили маҳсулотҳои хӯроквории бренди «Нестле»-ро аз хазинаи ширкати мазкур қабул карда, ба нуқтаҳои савдо ва мағозаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд тақсим намуда, 163 ҳазору 718 сомонӣ маблағҳои ҷамъовардаашро ба хазинаи ширкат насупорида, азонихуд намуда, ба ҶДММ мазкур зарари ҷиддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















