Ифшо шудани қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 32-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи феврали соли 2025, зани 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, манзили истиқоматиашро дар масоҳати 111,73-метри мураббаъ ба маблағи 72 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ғайринақдӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати 2 моҳ хонаро фурӯхта маблағашро оварда медиҳад, аммо гумонбаршаванда хонаро ба дигар нафар фурӯхта маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.















