Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 48-сола барои ташкил намудани фоҳишахона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 48-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоишахона дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб хонаи истиқоматиро ба иҷора гирифта, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт онро ба фоҳишахона табдил дода, 15-уми ноябри соли 2025, ба ҷавони 20 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Кӯлоб барои қонеъ намудани навси шаҳвонияшон шароит фароҳам оварда, аз онҳо 550 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

20.11.2025 8:39
42