Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Азонихуд намудани маблағи корхона

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми фаъолияти корӣ ба ҳайси мутахассис дар ҶДММ “Ёсин-2012”, ки ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ машғул мебошад, аз беаҳамиятии роҳбари корхона марди 58-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ истифода бурда, аз соли 2021 то моҳи ноябри соли 2025, маблағҳои ба ширкат ворид гаштаро қисман азонихуд намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Тибқи хулосаи санҷиши аудитории  ҶДММ “Аудит Баракат” муайян карда шудааст, ки гумонбаршаванда то 1-уми ноябри соли 2025, 321 ҳазору 975 сомониву 69 дирамро, ки ба корти  бонкии “Душанбе Сити” бо ному насаби гумонбаршаванда васл мебошад, азонихуд намудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

20.11.2025 8:23
46