Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар барои савдои одамон

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 37-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, 22-юми сентябри соли 2023, бо мақсади ҷалб намудани духтарон барои истисмори шаҳвонӣ, берун бурдани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ бо супориши ҳаммаслакаш зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дорад, дар шаҳри Бохтар бо зани 28-солаи сокини шаҳри мазкур вохӯрда, бо истифода аз вазъияти ногувори зиндагиаш ҷабрдидаро бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, бо ваъдаи беҳтар гардонидани сатҳи иҷтимоии зиндагониаш барои кор кардан дар яке аз тарабхонаҳои калонтарини шаҳри Москваи Федератсияи Россия таҳти роҳбарӣ ва пуштибонии ҳаммаслакаш зани 46-сола ва аз ин ҳисоб ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ, баъди дастрас кардани чиптаи ҳавопаймо санаи 24-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 04:00, тавассути фурудгоҳи шаҳри Бохтар ба шаҳри Москва парвоз карда, дар онҷо аз тарафи намояндагони зани 46-сола бо номи «Палвон» шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум қабул карда шуда, дар яке аз меҳмонхонаҳои метрои Селигерская воқеъ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷой карда шуда, дар он ҷо ба танфурушӣ маҷбур карда шудааст.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 иловаи 1 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















