Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагард дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ

18-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Олимов Дилшод Саидмуродович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат аз самти терминали Дӯстии шаҳри Турсунзода бо шоҳроҳи “Турсунзода-Душанбе" ба самти шаҳри Душанбе, ҳаракат намуданаш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воистаи нақлиёташ набаромада,  дучархарони  шахсияташ номаълумро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарони шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

19.11.2025 8:54
23