Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҳолати азонихудкунӣ ё исрофкорӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини  ноҳияи Хуросон ба гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар асоси фармони роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар аз 10-уми феврали соли 2022, дар вазифаи назоратчии гуруҳи дуюми Шабакаҳои барқи ноҳияи Хуросон таъин гардида, дар давоми фаъолияти кориаш аз ваколатҳои мансабиаш бо маслиҳати пешакӣ бо марди 36-солаи сокини ноҳияи Хуросон, ки тариқи ғайрирасмӣ барои ҷамъоварии маблағи ҳаққи истифодаи қувваи барқ аз муштариён ҷалб намуда буд, аз муштариён 24 ҳазору 961 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, расидҳои пардохтӣ чоп карда, дар онҳо тағирот ворид намуда ба муштариён пешниҳод карда, аз ин маблағ 854 сомониашро ба барномаи биллингӣ ворид карда, боқимонда 24 ҳазору 107 сомониашро азонихуд намуда, ба мафиатҳои шахсиашон сарф намудаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 2 моддаи 245 ва моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.11.2025 8:52
30