Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 17-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 20:05-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, ки ба марди 29-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад ва дар назди бинои истиқоматиаш беназорат меистод,  ғайриқонунӣ ҳай карда аз уҳдаи идораи автомашинаи мазкур набаромада, ба садама дучор шудааст.
Аз рӯи ие ҳодиса тафтишот идома дорад.

19.11.2025 8:51
26