Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чойхона Роҳат

Чойхона - ин ҷоест, ки дар онҷо одамон чой менӯшанд. Дар чойхонаҳои замонавӣ ба ғайр аз чойнӯшӣ боз ҳӯрокҳои гарм, одатан оши паловро пешкаш мекунанд. Чойхона воқеан дар шаҳрҳои куҳан ва деҳу деҳаҳои мамолики Шарқ як мактаби бузурги одаму одамгарист. Он ҷо аслан гули сари сабади ҷомеа ва мардони гапдону гапхон ҷамъ меоянд ва дар атрофи худ ҷавононро ҷамъ намуда, ба онҳо дарси одобу ахлоқ меомӯзанд. Шоҳмот, ва шашка мебозанд. Мусиқии ороми миллӣ мешунаванд. Чойхона як мактаби бузурги илм, фарҳанг, сиёсат ва таъриху тамаддун аст. Ҷое, ки дар он ҷо тамаддун поя гузошта мешавад ва ин ҷо на минбарҳои баланд аст, балки ҳамин гуна ҷойҳои оддӣ аст, ки тамаддунҳо аст ва он тамаддун дар асоси тамаддуни бостон ба вуҷуд омада, бо чойхона барин ҷойҳои умум решапайванд мегардад.
Чойхонаи "Роҳат" соли 1958 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский, муҳандис Даниил Давидович Гедлин ва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Олимов мебошанд. Хонаи Роҳат - дар маркази пойтахти Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин радиф дар Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Исфара, Конибодом, Панҷакент чойхонаҳое амал менамоянд (Чойхонаи Исфара дар Кӯлоб, Чойхонаи Мавҷ дар Конибодом, Чойхонаи Сино дар Исфара, Чойхонаи Ориён дар Исфара, Чойхонаи Ором дар Исфара), ки шуморо танҳо аз асбоби зарурӣ, мисли: таҳдегӣ, дег, табақ, коса, ҳезум таъмин менамоянд ва шумо танҳо пули ин асбобҳо ва ҷои шиштро пардохт менамоед ва дар чунин чойхонаҳо бо дӯстатон ё дӯстонатон нишаста, худ хӯрок омода менамоед ва аз сӯҳбати якдигар баҳра мебардоред. Мақсад аз будани ин гуна ҷой танҳо чойнӯшӣ нест, ин корро дар хона низ кардан мумкин аст, лекин дар хона он фароғате, ки дар чойхона менамоед, ёфта наметавонед ва он гапу сухане, ки бо ёру дӯст дар ин гуна маҳфилҳо мегӯед, гуфта наметавонед. Пас, будани ин гуна ҷойҳо як рукни шаҳрдорист ва хоси мардуми тоҷик аст.

 

27.05.2020 9:36
89