Шиносоии Вазири корҳои дохилӣ бо шароити хизматии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Спитамен
18-уми ноябри соли 2025 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдид дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Спитамен шинос гардида, биноҳои иловагии хизматӣ ва ёрирасонро ба истифода доданд.
Дар 6 моҳи охир бо дастгирии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон бинои асосӣ ва ҳуҷраҳои кории таъмирталаби шуъба пурра таъмир карда шуданд. Ҳамчунин, бинои иловагии дуошёна, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва 6 утоқи алоҳида, ду ҳуҷра - меҳмонхона бо 4 рахти хоб, иншоотҳои ёрирасони маишӣ аз қабили нуқтаи шустушӯй барои ҳайати шахсӣ, чоҳи амудӣ барои мунтазам бо об таъмин будани бинои шуъба ва майдони сафороии мумфаршгардида аз нав сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Илова бар ин, ниҳолу гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ ҷойгузини дарахтони куҳансол гардида, сабзкории атроф намои берунаи шуъбаро боз ҳам назаррабо кардааст.
Дар ҷараёни боздид ба шуъбаи мазкур навгониҳо муаррифӣ гардида, идома ёфтани он таъкид карда шуд. Вазири корҳои дохилӣ аз сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҳайати шахсӣ масъулиятшиносӣ, омодагӣ баҳри ҳимоя аз манфиатҳои давлату ҷомеа ва дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаи хизматиро талаб намуд.
Ба онҳо ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии оперативӣ – хизматӣ, сатҳи забондонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар навбати худ кормандон низ қавл доданд, ки уҳдадории касбиро бо масъулияти баланд иҷро намуда сазовори боварии шаҳрвандон ва роҳбарияти ВКД мегарданд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия



















