Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар
16-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 18:00, ронандаи воситаи нақлиётии тамғаи «Мерседес Бенс», Розиқов Сироҷ Холович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Заркӯҳ ба самти ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи М.Ҳамадонӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Зарипов Бахтиёр Саъдуллоевич, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
17-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 03:40-дақиқа, ронандаи скутери барқӣ Бобохонов Зоир Худойбердиевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ аз уҳдаи идораи мототсиклаш набаромада ба муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Нурбеков Қумайдон Бердиевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи мототсикл ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
17-уми ноябри соли 2025, тахминан соати 09:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, Иброҳимов Рамазон Асламзода, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Толеъи ноҳияи Муъминобод аз уҳдаи идораи автомашинааш набаромада ба девори қисмати рости роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофиронаш Иброҳимов Сафархон Асламович, соли таваллудаш 1998, Фирузи Аслам, соли таваллудаш 1994 ва хурдсол Идриси Рамазон, соли таваллудаш 2023, сокинони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, ронанда Иброҳимов Р.А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
















